Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

ДАР БОРАИ МО

Маълумоти мухтасар дар бораи дастовардҳои ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар давраҳои аз соли 2016 то соли 2021

Сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Пеш аз ҳама, бояд қайд намоем, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо шурӯъ аз моҳи марти соли 2016 дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, то ба имрӯз як қатор бинову иншоотҳои хизматрасонӣ ба мусофирон таъмиру навсозӣ карда шуда, техника ва таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ ва мошинҳои махсуси хизматрасонии перронӣ харидорӣ карда шудаанд. Беҳтар кардани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон – муҳоҷирони меҳнатӣ аз масъалаҳои муҳими фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти назорати ҷидии роҳбарияти корхона ва шахсан директори генералӣ қарор дорад. Ҳамаи ҷаласаҳои ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони масъули фурудгоҳ аз масъалаи интизоми кормандон ва муносибати нек бо мусофирон оғоз гардида, бо ҳамин масъала анҷом дода мешавад.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2020, дар натиҷаи таъсири манфии пандемияи COVID-19 ва қатъ гардидани ҳамлу нақли ҳавоии байналмилалӣ Фурудгоҳи Хуҷанд аз даромадҳои нақшавии худ комилан маҳрум гардида, ба бӯҳрони шадиди молиявӣ дучор шуд, ки бинобар он, иҷроиши як қатор корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ ба таъхир гузошта шуда буданд. Лекин, сарфи назар аз мушкилҳои молиявӣ ҳолати коршоямии Фурудгоҳ ҳамеша таъмин карда шуда, баъд аз оғоз шудани иҷроиши хатсайрҳои байналмилалии чартерӣ аз Фурудгоҳи Хуҷанд, хизматрасонӣ ба мусофирон дар низоми риояи қоидаҳои беҳдошти санитарӣ дар сатҳи дахлдор ба амал бароварда шуда истодааст. Дар айни ҳол, хизматрасонӣ ба мусофирони хатсайрҳои чартерии байналмилалӣ тавассути бинои навсохт (блоки 1)-и аэровокзал амалӣ шуда истода, масоҳати толори интизории мусофирон ва минтақаҳои хизматрасонӣ васеъ ва барҳаво буда, дар минтақаи интизории мусофирон нишасткурсиҳои замонавӣ гузошта шудаанд. Инчунин бо мақсади мусоидат ба мусофирон дар бинои нави аэровокзал нуқтаи ташхис вобаста ба COVID-19 ташкил карда шудааст.

Раванди бозбинии дастии бору бағоҷи мусофирон аз байн бардошта шуда, бозбинӣ тавассути таҷҳизот ва дастгоҳи бозбинӣ ва роҳ монда шудааст. Нуқтаҳои назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ низ бо таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ таъмин буда ба стандартҳои дахлдор мувофиқ карда шудааст. Дар минтақаи қабули мусофирон, дар минтақаи гузаргоҳи сарҳадӣ долони сабз барои сайёҳони хориҷӣ ташкил карда шудааст. Дар толорҳои интизоршавӣ ва дигар минтақаҳои ҷамъшавии мусофирон қуттиҳои махсус барои арзу шикояҳоти мусофирон бо инъикоси телефонҳои боварии ҳамаи мақомотҳои дар Фурудгоҳ амалкунанда ҷойгир карда шудаанд. Дар давраи сипаришудаи соли ҷорӣ аз ҷониби мусофирон ягон арзу шикоят оид ба сатҳи пасти хизматрасонӣ ва ё дағалона муносибат намудани кормандони Фурудгоҳ ва мақомотҳои ҳамкорикунанда омада нарасидааст. Теъдоди камераҳои назоратии видеоӣ дар минтақаҳои фурудгоҳ то 179 адад расонида шуда, ҳар як рафтору кирдори кормандони дар басти корӣ фаъолиятдошта таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст. Вобаста ба вайронкунандаҳои қоидаҳову тартибот чораҳои ногузири интизомӣ нисбати кормандон сари вақт андешида мешаванд. Дар нуқтаи назорати сарҳадӣ ва толори ҷамъшавии мусофирон ҳангоми фурудойӣ якчанд гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ (бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ) барои сайёҳон ташкил карда шудааст, ки дар он маълумоти муфассал доир ба будубоши меҳмонон ва саёҳони хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, харитаҳои роҳҳои дохилӣ ва маҳаллӣ ва дигар иттилооти барои саҳйёҳон зарурӣ инъикос карда шудааст. Дар толори интизории мусофирон, дар бинои аэровокзали Фурудгоҳ харитаи вилояти Суғд бо ишора ба макони сайру саёҳат, мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангӣ гӯшаи сайёҳӣ (бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ) васлу насб карда шудааст. Дар ҳудуди ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» шиорҳову овезаҳо дар мавзӯи «2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васлу насб карда шуда, дар бинои аэровокзали марказӣ, дар минтақаи қабули мусофирон гӯшаи маҳсулоти дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шудааст.

Сохтмони бинову иншоотҳо ва таъмиру таҷдиди онҳо

Сохтмони бинои нави аэровокзали фурудгоҳ

Сохтмони бинои аэровокзали марказии фурудгоҳ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои замони муосир аз моҳи майи соли 2016 оғоз карда шуда, бо иқтидори хизматрасонӣ то 400-500 мусофир дар як соат роҳандозӣ карда шудааст. Бинои нави аэровокзали фурудгоҳ дар партави супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тожикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади мутобиқ намудани инфрасохтори фурудгоҳ ба сатҳи байналмилалӣ сохта шуда истодааст. Қисми лоиҳакашии бинои нави аэровокзали фурудгоҳ аз ду қисм иборат буда, лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии техникии бино аз ҷониби ширкати «Аэр Ант»-и Қазоқистон омода карда шуда, лоиҳаи сохтмонӣ аз ҷониби ҶСК «Суғдинтиз» ба амал бароварда шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии пудратчӣ - ҶДММ «Муҳандис» ва Осмонлии Туркия амалӣ шуда истодааст. Мутобиқи нишондиҳандаҳои тарҳи нави бинои мазкур, аэровокзал ба 30х64 метр аз тарафи пеш ва 36х64 аз тарафи перрон васеъ карда шуда, масоҳати умумии бино (якҷоя бо масоҳати бинои ҳозираи амалкунандаи аэровокзал) 84х62 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз дохил 14,6м ва аз берун 17,2 метро ташкил медиҳад. Мутобиқи лоиҳа аз ду кунҷи тарафи перрон ду галерея бо дарозии 22м ва боз иловагӣ 12м ва 4 зинаи телескопӣ барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷми тамҷаи Аэробус А320 ва Боинг 767-300 васл карда мешавад. Дар оянда муҷаҳҳазгардонии техникии бино бо тамоми таҷҳизоти техникии замонавӣ, аз ҷумла, таҷҳизотҳо барои таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар ашёву лавозимотҳои замонавӣ дар нақша аст.

Таҷдид ва сохтмони биноҳои меҳмонхона ва ошхонаи Фурудгоҳ


Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши муваққатии меҳмонони дохилию хориҷӣ ва сайёҳон дар Фурудгоҳи Хуҷанд аз моҳи марти соли 2018 таъмиру таҷдиди бинои меҳмонхона оғоз карда шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки бинои мазкур солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, дар тӯли зиёда аз 46 сол дар бино ягон бор таъмири куллӣ гузаронида нашудааст. Бинои меҳмонхонаи фурудгоҳ масоҳати 2764,8 м²-ро дар бар гирифта, баъд аз навсозӣ, аз 64 ҳуҷраҳои одӣ ва 28 ҳуҷраҳои замонавӣ (Люкс) иборат хоҳад буд. Бино аз 4 ошёна иборат буда, дар болои боми он мансарт бо баландии 6м илова карда мешавад ва теъдоди ҳуҷраҳои меҳмонхона аз ин ҳисоб зиёд мегардад. Дар бинои нави меҳмонхона фароҳам овардани тамоми шароитҳои мусоид барои меҳмонони дохилию хориҷӣ ва муҷаҳазгардонии бинои нав бо тамоми таҷҳизотҳо ва лавозимотҳои замонавӣ дар назар дошта мешавад. Дар шафати бинои меҳмонхона, пештар як ошхона низ амал мекард, ки дар солҳои 1972 якҷоя бо бинои меҳмонхона сохта шуда буд. Баҳри иҷроиши супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурра аз нав сохтани як ошхонаи миллӣ корҳои сохтмонӣ дар паҳлӯи меҳмонхона оғоз карда шудаанд. Ошхонаи нав аз се қабат иборат буда, масоҳати умумии зиёда аз 1500 м²-ро дар бар мегирад. Дар ошёнаи якуми бинои нав ошхона ва хонаҳои тайёр кардани хӯрок, дар ошёнаи дуюм як тарабхонаи замонавӣ ва дар ошёнаи сеюм сохтмони як айвони (пентхаус) калону барҳаво барои истироҳати меҳмонон дар назар дошта мешавад.


Мумфарш кардани роҳҳо, роҳҳои гардишӣ ва истгоҳи ҳавопаймоҳо


Соли 2016 27,2 ҳаз. тонна асфалт истеьсол шуда, дар масоҳати 120 ҳаз. метри мураббаъ хобонида шуд, ки маблағи 5 млн. 124 ҳаз. сомониро ташкил медиҳад. Соли 2017 дар фурудгоҳ 13,1 ҳаз. тонна асфалт ба маблағи 3 млн. 184 ҳаз. сомонӣ истеҳсол карда шуда, дар масоҳати зиёда аз 65 ҳаз. метри мураббаъ хобонида шудааст. Дар солҳои 2018-2019 зиёда 10 ҳаз тонна асфалт истеҳсол карда шуда, барои васеъ кардани қисми ҷануби перрон ва роҳи гардишии Браво истифода бурда шудааст. Ҳаҷми умумии асфалти истеҳсолшуда зиёда аз 50 ҳазор тоннаро ташкил дода, дар масоҳати умумии беш аз 200 ҳаз. метри мураббаъ хобонида шудааст. Қисми зиёди асфалт асосан барои дароз намудани хатти парвоз, васеъкунии роҳҳои гардишӣ, васеъ намудани ҳудуди перрони фурудгоҳ ва истгоҳи ҳавопаймоҳо масраф карда шудааст. Корҳои мазкур бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати таёраҳои калонҳаҷм дар перрон ҳангоми гардиш ва озодона ҳаракат кардану ҷойгир намудани онҳо дар истгоҳҳо амалӣ шуда истодааст. Истгоҳи нақлиётҳо, ки дар муқобили саҳни аэровокзали фурудгоҳ воқеъ аст (6900 м/м), бо роҳи асфалткунӣ васеъ карда шуда, атрофи он ба дарозии 231м бордюрҳои канорӣ васлу насб карда шуданд.


Ободонӣ ва кабудизоркунӣ


Фурудгоҳ чун дарвозаи кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор рафта, назари аввалини сайёҳон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба ҳамин макон мерасад ва аввалин таассуроти хориҷиён дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин макон ҳосил мешавад. Бинобар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд корҳои ободонӣ, сохтмонӣ ва бунёди иншоотҳои наву замонавӣ ҷоннок карда шудаанд. Назди саҳни фурудгоҳ, ки пештар иборат аз дарахтони кӯҳансол ва алафҳои бегона буд, навсозӣ карда шуда, роҳравҳои нав, гулгаштҳо, дарахтони сояафкани ороишӣ, нишастгоҳҳо ва фавораҳои зебову ҷолиб васлу насб карда шудаанд. Дар қисмати дигари саҳни фурудгоҳ майдончаи бозӣ барои кӯдакону наврасон сохта шуда, бо лавозимотҳо барои бозии бачагона муҷаҳҳаз карда шудааст. Тӯли солҳои зиёд шоҳроҳи фурудгоҳ (аз гардиши роҳи оҳан то саҳни аэровокзал) дар вақти шабона торик буд. Бо мақсади ободонии шоҳроҳи мазкур ва рӯшан кардани он, 64 адад сутунҳои оҳанӣ бо чароғҳои рӯшанкунанда васлу насб карда шуданд. Минбаъд дар ду қадди шоҳроҳи мазкур сохтани пайроҳа барои пиёдагардон ба нақша гирифта шудааст. Дар маркази саҳни фурудгоҳ муҷассамаи тайёраи тамғаи Ту-134 ҳамчун нигораи таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст Теъдоди гулҳои ҳудуди Фурудгоҳ дар соли 2019 зиёда аз 1 миллион донаро ташкил дод. Баҳри таъмини парвариш ва нашъунамои гулҳо дар соли 2019 дар Фурудгоҳ иловагӣ боз ду гармхона сохта маврида истифода қарор дода шуда, теъдоди умумии гармхонаҳои Фурудгоҳ ба 5 адад расонида шуд. Дар давоми соли 2019 дар ҳудуди Фурудгоҳ инчунин зиёда аз 1500 бех дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шудаанд. Дар вақти шабона чароғҳои ороишӣ саҳни Фурудгоҳро мунаввар намуда ҳусни минтақаро боз ҳам ҷолибу дилрабо менамоянд. Дар айни замон, дар назди саҳни Фурудгоҳ бо мақсади арҷгузорӣ ба ҳастии модари тоҷик муҷассамаи «Дуои модар» сохта шуда истодааст, ки яке аз аввалин муҷассамаҳо дар намуди модари даст ба дуо бардошта дар ҳудуди мамлакат маҳсуб мешавад. Дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз ҷумла бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳудуди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар соли 2019 дар Фурудгоҳ 2-гармхонаи иловагӣ барои парвариш ва нашъунамои гулҳо сохта, мавриди истифода қарор дода шуда, теъдоди умумии гармхонаҳо ба 5 адад расонида шудааст. Дар се моҳи соли 2021 дар се гармхонаҳои Фурудгоҳ ҳамагӣ 2 510 000 дона тухмии гулҳо кишт ва парвариш карда шуда истодаанд, ки дар байни онҳо гулҳои навъи салвияи сафед 1 млн. дона, салвияи сурх 1 млн. дона, тагетси даврашакл 200 ҳаз. дона, тагетси хурд 200 ҳаз. дона, гулҳои петуня, тоҷихурӯс, бегония, газания, колеус, синия ва дигарҳо мебошанд. Дар айни замон, дар ҳудуди фурудгоҳ дар доираи корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз 211 ҳаз. бех гули лола нашъунамо карда шукуфтаанд ва зиёда аз 200 ҳаз. бех гулҳои мавсимӣ ба монанди марҷонгул, яъне салвия, 7 намуди гули петуния ва 2 хел ранги гули тагетс кишт карда шудаанд, ки ҳудуди Фурудгоҳро хеле зебо ва назаррабо кардаанд.