2024-03-08

Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Ба истиқболи Рӯзи Модар, ки ҳамасола санаи 8 март дар кишвари азизамон қайд мегардад, дар ҶСК Фурудгоҳи байналмилали Хуҷанд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони  бахшу сохторҳо, асосан занону бонувони Фурудгоҳ иштирок намуданд. Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо тамошои навор дар бораи бузургиву шаҳомати Модар, офаранда ва идомадиҳандагони насли инсон  оғоз шуд.

Сипас, директори генералии Фурудгоҳи байналмилали Хуҷанд Қурбони Алимардон модарону бонувонро ба ифтихори Рӯзи Модар табрик намуда, иброз дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд. 

Роҳбари Фурудгоҳ илова кард, ки боиси ифтихор ва сарфарозии ҷомеаи меҳнатии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аст, ки бори аввал дар кишвари азизамон  таҳти роҳбарӣ ва иштироки  Пешвои муаззами миллат Муҷассамаи "Дуои Модар" дар саҳни Фурудгоҳ қомат афрохт, ки воқеан беназир мебошад. Муҷассамаи "Дуои Модар" чун рамзи  муҳаббат нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии занон ва қадршиносии Модари тоҷик бунёд шуда, имрӯз чун макони зебо ва зиёратгоҳи тамоми сокинон мубаддал гаштааст, ки ифтихори ҳар яки мост.

Дар интиҳои суханронии худ директори Фурудгоҳ Қурбони Алимардон изҳори умедворӣ намуд, ки занону бонувон минбаъд низ бо меҳнати босуботу софдилона саҳми сазовори худро дар пешрафти ҷои кори хеш ва давлату миллат мегузоранд.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ чанде аз кормандони Фурудгоҳ занону бонувонро шодбош карданд.

Таъкид шуд, ки дар воқеъ, имрӯз нақши занону бонувони кишварамон дар таъмини пешрафти давлат, сулҳу субот, ободии Ватан,  тарбияи насли солим, соҳиби касбу ҳунар ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ басо назаррас буда, ин рисолати бузургро бо камоли масъулият иҷро мекунанд.

Дар қисмати дуюми чорабинии тантанавӣ озмуни "Зебосанами Фурудгоҳ" байни сохторҳои Фурудгоҳ доир шуда, иштирокчиён дар бахшҳои худмуаррифӣ, хондани суруд ё иҷрои рақс ва нақшофарӣ дар саҳначча байни ҳам рақобат намуданд.

Дар интиҳо занону бонувон ва ғолибони озмуни "Зебосанами Фурудгоҳ" бо туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулии маъмурият қадршиносӣ гардиданд.

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Модар зери суруду мусиқиҳо дар васфи Модар хубу хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкили дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба анҷом расид.