2024-01-04

Ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагию истеҳсолии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» дар соли 2023

Санаи 4 январи соли 2024 дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ҷаласаи ҷамъбасти солонаи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагию истеҳсолӣ  баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон, сардори Раёсати танзим ва таҳлилҳои техникии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Алӣ Фозил, сардори шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи МИҲД-и вилояти Суғд Очилзода Олим, мутахассисони соҳавии Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳайати роҳбарияти Фурудгоҳ ва кормандони воҳидҳои сохтории корхона иштирок доштанд.

Ҷаласаро директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбони Алимардон ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва аҳли ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ директори генералӣ афзуд, ки соли 2023 барои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз бисёр ҷиҳат соли пурмаҳсул ва бобарор буд. Аввалин бор дар таърихи фурудгоҳ ҳаҷми солонаи ҳамлу нақли мусофирон беш аз 1 млн. (1 млн. 26 ҳаз.) нафарро ташкил дод, ки дар тӯли фаъолияти корхона нишондиҳандаи рекордӣ маҳсуб мешавад. Дар давоми сол ба 3331 хатсайр хизматрасонӣ амалӣ карда шуда, 523 ҳаз. нафар мусофирон гусел ва 503 ҳаз. нафар қабул карда шуданд. Дар соли сипаришуда Фурудгоҳ бо 6 ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда, аз шумораи умумии мусофирони ҳамлунақлшуда, беш аз 525 ҳаз. нафар (55,7%) ба ширкати ҳавопаймоии Урал рост омадааст. Инчунин, ширкатҳои ҳавопаймоии Сибир 17,5%, Сомон Эйр 13,8%, Норд Винд 5,4%, Ют Эйр 4,3%, Ямал 1,8% дар интиқоли мусофирон саҳм доранд.

Роҳбари коргоҳ қайд намуд, ки дар давоми сол ба корҳои асфалтхобонӣ вусъат бахшида шуда, дар масоҳати умумии беш аз 50 ҳаз. м² асфалти хушсифат дар ҳаҷми 11,5 ҳаз. тонна истеҳсол ва хобонида шудааст. Бо мақсади истеҳком бахшидан ба чораҳои бехатарӣ дар соли 2023 деворҳои канории фурудгоҳ дар масофаи 1600м бо баландии 4м навсозӣ карда шуда, масофаи умумии деворҳои навсохти фурудгоҳ беш аз 4 ҳаз. метрро ташкил додааст. 

Директори генералӣ Қурбони Алимардон иброз дошт, ки соли нави 2024 соли таҷлили 100-солагии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва 30-солагии Рӯзи Конститутсия буда, ҳар як корманди фурудгоҳро водор месозад, ки барои сазовор таҷлил намудани санаҳои таърихии миллию давлатӣ содиқона ва софдилона меҳнат карда, дар татбиқи нақшаҳои созандаи корхона фаъолу саҳмгузор бошанд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврон суханронӣ намуда, аҳли кормандони фурудгоҳро бо соли нави мелодӣ ва дастовардҳои ноилшуда табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо орзу намуд. 

Сардори Раёсати танзим ва таҳлилҳои техникии Агентии авиатсияи гражданӣ Комилзода Алӣ кормандони фурудгоҳро бо соли нави мелодӣ ва дастовардҳои навини меҳнатӣ табрик гуфта, ба пешсафони коргоҳ Сипосномаҳо тақдим намуд.

Дар ниҳояти ҷаласаи ҷамъбастӣ бо фармоиши директори генералӣ роҳбарони ташкилоту идораҳои сохтмонӣ, ки дар соли 2023 бо Фурудгоҳ ҳамкориҳои муфиду пурмаҳсулро ба роҳ монда, дар бунёди иншоотҳои наву замонавии фурудгоҳ саҳми арзанда гузоштаанд бо Ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Инчунин, 50 нафар фаъолони корхона барои меҳнатҳои софдилонаву пурмаҳсул ва саҳми арзанда дар рушду ободиҳои фурудгоҳ бо Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.