2024-01-09

Авҷи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ҶСК "Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд"

Авҷи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд 

ҶСК "Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд" давоми солҳои охир бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯъ карда,  дар баробари хизматрасонии аъло ба мусофирон ба макони     зебову диданӣ ва гаштугузори сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд тӯли солҳои охир ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифат ва маданияти хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини сатҳи баланди бехатарии авиатсионӣ ва бехатарии парвозҳо, ба хусус, ҷиҳати мутобиқ намудани Фурудгоҳ ба талаботҳо ва стандартҳои байналмилалӣ корҳои зиёде анҷом дода шуданд. 

Бо бунёду таъмири  айродром, мумфарши  пурраи хатти фуруд ва парвоз, бунёду азнавсозии бинои маъмурӣ, сохта мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои гуселу қабули мусофирон(аэровокзал) ва саҳни барҳавои Фурудгоҳ, ки майдони васеи дорои чандин фаввораҳо, ҳайкали "Дуои модар", лавҳаҳои қаҳрамонони Тоҷикистон, насби  тайёра дар саҳни Фурудгоҳ, гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шаклу намои Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷандро бамаротиб дигаргун намуда, як гӯшаи Ватани маҳбубамонро ба биҳишти воқеӣ табдил додааст, ки гувоҳи меҳнату заҳмати содиқонаву софдилона ва аҳлонаи аҳли кормандон таҳти роҳбарии роҳбари бунёдкору созанда ба тадбиқгари сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қурбони Алимардон мебошад.

Дар баробари бунёду азнавсозии биноҳои зиёди маъмуриву хизматрасонӣ  давоми солҳои охир хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар гардидааст.

Шароиту имкониятҳои фароҳамгардида ва хизматрасонии меъёрӣ буд, ки дар соли сипаришуда беш аз як миллион мусофирон аз    он истифода намудаанд, ки дар таърихи Фурудгоҳ бесобиқа аст.

Ҳоло дар Фурудгоҳи  ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳамзамон саҳм гузоштан дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва бо ин васила ҷалби бештари сайёҳони дохилу хориҷ корҳои созандагиву ободонӣ бомаром идома дорад.

 Бунёди Маҷмааи зебову замонавии  "Кайҳон", ки аз меҳмонхона ва ошхонаву тарабхона иборат буда, инчунин, сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ дар Фурудгоҳ бо маром ҷараён дошта, ин ҳама корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани санаҳои фархунда ба роҳ монда шудааст. 

Ёдовар мешавем, ки  Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дорои гармхонаҳои зиёд мебошад, ки дар он гулҳои ороиши парвариш меёбанд. Дар баробари зебу оро додани саҳну  роҳрав ва гулгаштҳои биноҳои Фурудгоҳ гулҳои парваришёфтаи гармхонаҳо майдону хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакатро зебу оро мебахшанд.

Имрӯз ҳар нафари ташрифоварда ба Фурудгоҳ   аз хизматрасонии сатҳи баланд ва зебогиву дилпазирии он бардошти хуб намуда, бо хотироти нек аз кору пайкори мондагори роҳбарияти он ёдоварӣ менамояд.

© Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи  ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»