2024-01-04

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мусофири 1 миллионум дар соли 2023 пешвоз гирифта шуд.

Субҳи имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд мусофири 1 миллионум дар соли 2023, ки тавассути хатсайри ширкати ҳавопаймоии Урал - Сочи - Хуҷанд фуруд омад, гарму самимӣ истиқбол гирифта шуд.

Ёдрас мешавем, ки ин нишондиҳандаи солона дар таърихи фаъолияти фурудгоҳ нишондиҳандаи рекордӣ маҳсуб мешавад (дар соли 2022 ҳаҷми солонаи мусофиркашонӣ 910 ҳаз. нафарро ташкил дода буд).

Мусофири 1-миллионуми Фурудгоҳ дар соли 2023 сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдузой Ҳазратқулова гардиданд. Ҳазратқулова Юлдузойро, ки ҳамроҳи духтарашон аз Сочи ба Хуҷанд омаданд, директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбони Алимардон самимона хайрамақдам гуфта, ба мусофири таърихии фурудгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.