2024-02-23

Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

23 феврали соли 2024 ба таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол сипарӣ шуд. 

Ба ин муносибат имрӯз дар маҷлисгоҳи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Дар оғоз, директори генералии Фурудгоҳ Қурбони Алимардон иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис дар назди он вазифаҳои муқаддасу пуршараф -ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи Истиқлолияту озодии мамлакат қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.

Дар идома, чанде аз роҳбарону намояндагони бахшу сохторҳои Фурудгоҳ иштирокчиёнро ба иди Артиши миллӣ табрик карданд.

Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки бешак, дар ҳар давру замон сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ, маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбия ва сайқал додани донишҳои сиёсиву низомии афсарону сарбозон вобастагии зиёд дорад.

Барномаи рангини адабию фарҳангӣ, ки аз суруду мусиқиҳои ватандӯстона иборат буд ба маҷлиси тантанавӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳусни анҷом бахшид.