2024-04-02

Идомаи корҳои ободонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Рӯзҳои истироҳатӣ ҷомеаи меҳнатии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" бо мақсади боз ҳам ободу зебо намудани ҷои кори хеш ба ҳашари шанбегӣ баромаданд.

Давоми ду рӯз, яъне шанбеву якшанбе кормандон канори роҳу ҷӯйборҳо, атрофу саҳни биноҳои маъмуриву иншооти хизматрасонро аз ҳаргуна алафҳои худрӯю партовҳои гуногун тозаву озода намуданд.

Дар ин рӯзҳо гурӯҳе аз кормандони Фурудгоҳ фурӯзонакҳо ва лампаҳои равшанидишандаро иваз карда, гурӯҳи дигаре, саҳн ва канори роҳу ҷодаҳоро гулкорӣ намуданд. Ҳамзамон, аз гардиши шаҳраки Ғафуров то ба Фурудгоҳ дар канори роҳ дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуда, атрофи он тахту ҳамвор карда шуд.

Рӯзҳои шанбеву якшанбе шумораи зиёди кормандон даромадгоҳ ва саҳну атрофи варзишгоҳи Фурудгоҳро аз ҳаргуна алафҳои худрӯю партовҳои гуногун тоза карда, дарахтони хушкидаро бартараф ва атрофи варзишгоҳро сафед карданд. Ҳамзамон, паси деворҳои ҳудудии Фурудгоҳ, ки сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин партовҳои гуногун партофта, ба тозагии он эътибор намедоданд, кормандони Фурудгоҳ шохаҳои дарахтонро ба тартиб дароварда, атрофи деворҳоро тоза намуданд.

Корҳои ободониву созандагӣ ва гулшинониву сабзкорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо маром идома дорад.