2024-02-12

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҶСК  "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма  доир ба натиҷаҳои фаъолияти Фурудгоҳ дар соли 2023 баргузор шуд, ки дар он рӯзноманигорон аз расонаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз, роҳбарияти Фурудгоҳ ҳамроҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншооти бунёдшаванда дидан карданд.

Нахуст, онҳо аз бинои сехи дӯзандагӣ, ки сохтмонаш ҷараён дорад дидан намуданд. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки сехи дӯзандагӣ барои сад нафар занони ҳунарманд пешбинӣ гардида, бо шаклу тарҳи муосир сохтмонаш ҷараён дорад. Сехи дӯзандагӣ дар Фурудгоҳ ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, пас аз мавриди истифода беш аз 100 нафар занону бонувони ҳунарманд соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд.

Дар идома, рӯзноманигорон аз бинои Бокси мошинҳо, ки аз се ошёна иборат буда, корҳои сохтмониаш дар марҳилаи анҷомёбист, дидан намуданд. Бинои мазкур барои нигоҳдории автомобилҳои  сӯхторнишонӣ ва утоқҳои корӣ барои кормандон сохта шуда истодааст. Дар инҷо ҳамзамон рӯзноманигорон аз нақлиётҳои нави харидоришуда, аз наздик шинос шуданд.

Сипас, роҳбарияти Фурудгоҳ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма Маҷмааи зебову замонавии "Кайҳон"-ро, ки аз тарабхонаву меҳмонхона ва ошхона иборат мебошад, муаррифӣ карданд.

Корҳо дар бунёди Маҷмааи "Кайҳон" дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дошта, сохтмончиён ба корҳои  дохили тарабхонаву меҳмонхона ва ошхона машғуланд. Тарабхона бо шаклу тарҳи муосир бо назардошти санъати миллӣ  бунёд шудаистода, корҳои муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ дар меҳмонхонаи "Кайҳон", ки аз панҷ ошёна иборат аст, бо маром ҷараён дорад.

Дар идома, рӯзноманигорон аз бинои терминали нави Фурудгоҳ  низ дидан карда, бо шароиту имкониятҳои қабулу гусели мусофирон шинос гардиданд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни нишасти хабарӣ аз корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд истиқболи гарм намуда, ба роҳбарияти он изҳори сипос карданд.

Қайд гардид, ки ҳоло Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба шаш ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҷумла ба як ширкати ватанӣ ва панҷ ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ хизматрасонӣ менамояд.

Ҳадафи роҳбарияти Фурудгоҳ низ бо фароҳам овардани шароитҳои лозимаи меъёрӣ аз қабили бунёду азнавсозии бинову иншооти зарурӣ, харидории дастгоҳу таҷҳизоти муосири хизматрасон ва нақлиёти гуногуни хизматӣ ва ободу зебо гардонидани Фурудгоҳ зиёд намудани ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ба ин васила бароварда намудани хоҳишҳои мусофирон ва хизматрасонии аъло ба онҳо мебошад.

Маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"