2024-04-17

Хатсайри самти Хуҷанд-Қашгар ифтитоҳ мегардад

Шуруъ аз моҳи июни соли 2024 хатсайри самти Хуҷанд-Қашгар ифтитоҳ мегардад. Ин нукта имрӯз, зимни мулоқоти ҳайати ширкати чинии "Chandu - Airlines" бо роҳбарияти ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" баргузор гардид, иброз шуд. 

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки хатсайри мазкур ҳафтае ду маротиба аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба Фурудгоҳи байналмилалии Қоши-Лайнин, ки дар ноҳияи худмухтори Қашгар, музофоти Синзен-Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин ҷойгир аст, роҳандозӣ мешавад. 

Вақти парвоз 1,5 соат буда, ба мусофирон дар ин масир ширкати ҳавопаймоии "Chandu - Airlines" хизматрасонӣ менамояд.

Фурудгоҳи байналмилалии Қоши-Лайнин, ки соли 2023 навсозӣ гардидааст, иқтидори терминалаш то 5 млн мусофир мебошад. 

Минбаъд мусофирон метавонанд аз шаҳри Қашгар ба дигар минтақаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин бо харҷи кам тавассути ҳама намуди нақлиёт сафар намоянд.