2024-02-10

Боздиди Раиси вилоят аз Фурудгоҳи байналиилалии Хуҷанд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид. 

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ идома дорад, ки роҳбари вилоят зимни шиносоӣ барои вусъатбахшии корҳо ба масъулин супоришҳо дод. 

Тавре маълумот дода шуд, Фурудгоҳи байналмилали Хуҷанд аз лиҳози инфрасохтор ва таъминоти авиатсионию техникӣ омода буда, имкон дорад, ки хизматрасониҳоро ба хатсайрҳои байналмилалии нав бо сатҳу сифати замонавӣ амалӣ намояд ва ҳаҷми ҳамлу нақли мусофиронро ба самти хориҷи дуру наздик афзоиш диҳад. Дар ин раванд чанд рӯз пеш боз як хатсайри нави Хуҷанд-Дубай ба кушода шуд, ки сокинон метавонад аз он истифода намоянд.  

Бояд қайд намуд, ки соли 2023 тариқи ин фурудгоҳ дар 3 ҳазору 331 хатсайри иҷрошуда, ҳамлу нақли 1 миллиони 26 ҳазор мусофир сурат гирифтааст.    

Барои мутобиқ намудани хизматрасониҳо ба стандартҳои байналмилалӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азму талоши роҳбарияти фурудгоҳ ба бунёду навсозии иншооти соҳа равона карда шуд. 

Хусусан, тайи солҳои охир иншооти зиёд, ба монанди бинои нави аэровакзал, толор ва тарабхонаи ҷавонон, толор барои қабулу гусели меҳмонони олиқадр, гулгашти саҳни фурудгоҳ, Маҷмааи “Дуои Модар” ва даҳҳо иншооти дигар бунёд гардид. Ҳамзамон қисмати перрон, истгоҳи ҳавопаймоҳо, роҳҳои мошингарди ҳудуди фурудгоҳ ва минтақаи истгоҳи нақлиёти махсус пура навсозӣ карда шуд.