2024-03-23

Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд.

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Дар оғоз, директори генералии ҶСК"Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" Қурбони Алимардон иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик кард.

Иброз гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва заҳматҳои Асосгузори   сулҳу   ваҳдати   миллӣ –   Пешвои   миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи шинохти суннату оинҳои Наврӯз эҳё гардида, ҷашни бузурги миллиамонро ҷаҳониён  пазируфтанд, ки  он эътирофи ҷаҳонии дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик мебошад. 

Иди фархундаю бостонии қавмҳои ориёӣ – Наврӯзи байналмилалӣ дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон  имсол низ чун анъанаи неки ниёгони фарзонаамон бо  шукргузорӣ аз ваҳдату ягонагӣ,  саодату комронӣ, ғояҳои олии башардӯстона, дӯстиву ҳамкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ,  шукӯҳу корномаҳои созанда ба хотири боз ҳам  нерӯманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон,  таҷлил мегардад, илова намуд Қурбони Алимардон.

Сипас, чанде аз кормандони Фурудгоҳ перомуни таърих ва расму ойинҳои ин ҷашни куҳани мардуми сарбаланди тоҷик баромад карданд.

Таъкид шуд, ки Наврӯзи  бостонӣ  падидаи ҳувиятсоз, хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва  навиди бахту саодат ба фардои дурахшон  мебошад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии  ин  ҷашни муқаддас аз саодату пирӯзии аҳли башар, ғояи олии он аз   ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта ва накӯкориву созандагӣ иборат аст. 

Наврӯзи хуҷастапай ибтидояш решапайванди ҳазорсолаҳост ва  шукӯҳу шаҳоматаш заррае коста нагардида, то ба рӯзҳои мо пойдору устувор  омада расидааст. Ба ин маънӣ Сарвари давлат Наврӯзи ҷаҳониро падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллӣ номида, таъкид доштанд, ки ин ҷашни бостонӣ дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст. Ҳикмати Наврӯз беҳтарин суннатҳои волои аҷдодиро тарғиб намуда,  оғози рӯзи наву соли нав, рамзи пирӯзию  рӯшноӣ, густариши дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва орзую омоли неки мардум дар сиришти ин ҷашни бостонӣ нуҳуфтааст. 

Барномаи адабию фарҳангӣ, ки аз таронаҳои наврӯзиву баҳорӣ иборат буд, ба чорабинии тантанавии Наврӯзӣ ҳусни анҷом бахшид.