2024-03-18

Кабудизоркунӣ ва парвариши гулу буттаҳои ороишӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Кабудизоркунӣ ва парвариши гулу буттаҳои ороишӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар баробари хизматрсонӣ ба мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот  ба кишварҳои дуру наздик дорои заминҳои зиёди корам аз қабили боғу токзор ва гармхонаҳо мебошад. Дар ҳар мавсими кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони ҳамешасабзу гулу буттаҳои ороишӣ дар фурудгоҳ тадбирҳои муҳими сабзкорӣ ҷиҳати ободу зебо кардани канори роҳу ҷодаҳо, орову зебо намудани муҳити атроф ва ба ин васила ҳифзи муҳити зист андешида мешавад. Дар мавсими нави ниҳолшинонӣ низ дар саҳн ва канори кӯчаву роҳравҳои фурудгоҳ дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ аз қабили арчаву ардаҷ, соснаву каштон ва могноливу дигар дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда, аз гардиши шаҳраки Ғафуров то ба саҳни фурудгоҳ зери дарахтон тахту ҳамвор ва нарм карда шуданд.

 Дар ин баробар ҳоло дар фурудгоҳ панҷ адад гармхонаҳо фаъолияти мунтазам дошта, дар он кормандон ба нигоҳубин ва парвариши беш аз панҷ намуд гулҳои ороишӣ аз қабили питунӣ, салвӣ, покета, гули тоҷихурус ва марҷонгул машғул мебошанд. Ҳамчунин дар қисмате аз гармхонаҳо лиму ва помидору бодиринг нигоҳубин ва парвариш карда мешавад. Аз гармхонаҳои мазкур ҳамасола наздик 20 тон помидор бодиринг ва лиму рӯёнида шуда, кормандон бо маҳсулоти тару тоза таъмин  мешаванд ва қисмате аз он ба бозор бароварда мешавад. 

Гулҳои парваришёфтаи гармхонаҳо дар ҳар мавсим дар баробари зебу оро додани саҳни фурудгоҳ ҳамзамон барои ободу зебогии марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои мамлакат истифода мегардад.

Ёдовар мешаем, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат махсусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва бунёди гармхонҳо ва истифодаи босамари онҳо зиёд аст.

Дар ин замина роҳбарияти фурудгоҳ низ дар фикри истифодаи самараноки  заминҳои ҳудуди фурудгоҳ буда, барои афзун намудани маҳсулоти гармхонаҳо ва ба даст овардани ҳосили зиёд тадбирандешӣ менамояд.