2024-04-15

Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

15 апрели соли 2024 дар маҷлисгоҳи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи аввали соли 2024 оид ба натиҷаҳои фаъолияти Фурудгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" Қурбони Алимардон, роҳбарони хадамоту сохторҳо ва кормандон иштирок намуданд.

Дар оғоз, директори генералии Фурудгоҳ Қурбони Алимардон меҳмононро муаррифӣ карда, иброз дошт, ки ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи  аввали соли 2024 оид ба натиҷаҳои фаъолияти Фурудгоҳ дар рӯзҳое доир мешавад, хурсандиву шодии мо аз ташриф ва қадамҳои мубораки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, хосатан ба  Фурудгоҳамон идома дорад. Воқеан, ҳар як ташрифи Сарвари давлат ба тамоми мардуми вилоят аз ҷумла аҳли кормандони Фурудгоҳ шодиву сурур меорад. Зеро, бо қадамҳои мубораки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гушаву канори мамлакати азизамон ободу зебо гардида, ба зиндагии шоистаи сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар арафаи ташрифи Пешвои миллат ба вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ  ва гулшинониву кабудизоркунӣ дар коргоҳи мо низ вусъати тоза касб намуда, канори даромадгоҳу роҳрав ва саҳни Фурудгоҳ бо гулу буттаҳои ороишӣ зебо гардонида шуд, ки дар он саҳми Шумо-кормандон назаррас мебошад. 

Дар идомаи кори ҷаласа чанде аз роҳбарони хадамоту сохторҳо баромад карданд.

Таъкид шуд, ки сол аз сол рушду пешрафт дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатамон ба назар мерасад. Дар солҳои охир Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд низ ободу зебо гардида,  дастоварду комёбиҳо зиёд аст, вале дар баробари ин кабудиҳо ҳануз мушоҳида мешавад. Барои боз ҳам ба дастовардҳои назаррас ноил шудан якҷо бо дасту дили пок фаъолият намуда, кабудиву норасоиҳоро бартараф ва ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ноил гардем.

Ҳадафи баргузории ҷаласаи имрӯза ҳам натиҷагирии фаъолияти хадамоту сохторҳои Фурудгоҳ, таҳлилу баррасии кабудиҳои ҷойдошта ва бартарафсозии он мебошад то ба дастовардҳои аз ин ҳам беҳтар ноил гардем.

Ҷаласа бо вазифагузориҳо анҷом ёфт.